Суд қарори аз манзил рондани ҳамсари бевамондаи собиқадори ҷангро содир намуд

Суди ноҳияи Синои пойтахт дар бораи аз манзили давлатии иҷора рондани нафақахӯр Любов Маркова, ҳамсари бевамондаи собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор содир намуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Ҷамила Назарова, ҳимоятгари Л.Маркова хабар дод, бо қарори суд нафақахӯр аз пардохти маблағи қарзи иҷора дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ озод шуда, вале банди марбут ба […]

ASIA-Plus


Суди ноҳияи Синои пойтахт дар бораи аз манзили давлатии иҷора рондани нафақахӯр Любов Маркова, ҳамсари бевамондаи собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор содир намуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Ҷамила Назарова, ҳимоятгари Л.Маркова хабар дод, бо қарори суд нафақахӯр аз пардохти маблағи қарзи иҷора дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ озод шуда, вале банди марбут ба холӣ кардани манзил бетағйир боқӣ гузошта шудааст.

«Алҳол қарори суд ҳукми қонунӣ нагирифта, мо ният дорем, ки аз болои қарори суди ноҳиявӣ шикояти кассатсионӣ пешниҳод кунем», – зикр кард ҳимоятгар.

Ёдрас мекунем, ки Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти шаҳрдории Душанбе бо аризаи даъвогӣ

аз суди ноҳияи Сино дархост намуда буд,

ки нафақахӯр Любов Маркова аз манзили давлатӣ маҳрум ва аз ӯ маблағи қарзи иҷора дар ҳаҷми 7 ҳазор сомонӣ рӯёнида шавад.

Чӣ тавре ки қаблан ба ОИ «Азия-Плюс» Любов Маркова хабар дода буд, ин манзилро ҳамчун собиқадори ҷанг ҳукумат ба ҳамсараш пешниҳод намуда, тибқи шартнома барои он онҳо ҳар моҳ бояд дар ҳаҷми 520 сомонӣ маблағи иҷорапулӣ месупориданд.

«Чун шартнома бо забони давлатӣ таҳия гардида буд, мо моҳияти онро дуруст нафаҳмида, зери он имзо ва гумон доштем, ки пас аз як соли имзои шартнома манзил моликияти мо мешавад, аммо пас аз ду сол шавҳари ман фавтида, ман дигар ба пардохти маблағи иҷорапулии манзил имкон надорам», – мегӯяд нафақахӯр.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер