Салимзода: Тамоми кушторҳои пурсарусадо дер ё зуд ошкор мешаванд

spot_imgspot_img

Дата:


Амали террористиии 12 сол пеш содиршуда, ки дар натиҷаи он мушовири давлатии президенти Тоҷикистон

Карим Юлдошев

ба ҳалокат расид, то имрӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди тафтиш қарор дорад.

Дар нишасти хабарии имрӯза прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки ҷинояткорон дер ё зуд дар назди суд ҷавоб хоҳанд гуфт. «Танҳо дар зарфи дуним соли ахир дар ҷумҳурӣ 110 ҳодисаи куштор ошкор гардид, ки тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содир шуда буданд», – таъкид дошт ӯ.

Ба қавли прокурори генералӣ, аз рӯйи шумори содир гардидани ба истилоҳ «ҷиноятҳои пурсарусадо» миёни кишварҳои узви ИДМ Тоҷикистон дар мақоми охирин қарор дорад. «Дар ин маврид фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муҳим аст ва ман боварӣ дорам, ки ҳама гуна ҷиноятҳоро мо ошкор месозем, вале барои ин вақт зарур аст», – зикр кард Салимзода.

Дар идома прокурори генералӣ иттилоъ дод, ки дар зарфи 6 моҳи соли равон оид ба далелҳои то ба худкушӣ оварда расонидан 26 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 12-тои он айни замон ҷиҳати баррасӣ ба судҳои зинаҳои гуногун фиристода шудаанд.

«Дар ин давра барои риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» 336 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, барои монеъа гардидан ба фарзандон, бахусус духтарон ба таҳсил нисбати 78 нафар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд», – таъкид кард Салимзода.

Популярное

Похожие материалы