Тағоева: Ба худкушӣ бештар занони вилояти Суғд моиланд

spot_imgspot_img

Дата:



Дар робита ба ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занон дар Тоҷикистон, нисбати 2 нафар хушдоманон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд, ки маҳз бо амалҳои худ келинҳояшонро то ба худкушӣ оварда расонидаанд.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 26-уми июл ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳуқумати ҶТ Шаҳобиддин Мирзоаҳмедов дар ин робита изҳор кард, ки дар вилояти Хатлон суд яке аз ин хушдоманҳоро ба 4 соли зиндон маҳкум намуда, парвандаи дигар дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ дар саросари кишвар 311 далели худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 164-тои он аз ҷониби занон, аз ҷумла 34-тоаш аз ҷониби ноболиғон сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи раиси Кумита Сумангул Тағоева, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2012 соли равон ҳодисаҳои худкушӣ 4 адад камтар шудаанд, вале миёни ноболиғон ин зуҳурот дар ҳоли афзоиш аст.

«Ба худкушӣ бештар занони вилояти Суғд моиланд. Сабаби асосиаш – мушкилоти иқтисодӣ ва муносибатҳои носолим дар оилаҳо мебошад», – иброз дошт ӯ.

Раиси Кумита ҳамчунин илова намуд, ки қаблан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон умуман дар рӯйхати маълумот оид ба ҳодисаҳои худкушӣ зикр намегардид, аммо аз оғози соли равон дар ин минтақа низ 11 далели худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...