Тағоева: Ба худкушӣ бештар занони вилояти Суғд моиланд

Дар робита ба ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занон дар Тоҷикистон, нисбати 2 нафар хушдоманон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд, ки маҳз бо амалҳои худ келинҳояшонро то ба худкушӣ оварда расонидаанд. Зимни нишасти хабарии рӯзи 26-уми июл ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳуқумати ҶТ Шаҳобиддин Мирзоаҳмедов дар ин робита изҳор кард, ки дар […]

Маҳпора Киромова



Дар робита ба ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занон дар Тоҷикистон, нисбати 2 нафар хушдоманон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд, ки маҳз бо амалҳои худ келинҳояшонро то ба худкушӣ оварда расонидаанд.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 26-уми июл ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳуқумати ҶТ Шаҳобиддин Мирзоаҳмедов дар ин робита изҳор кард, ки дар вилояти Хатлон суд яке аз ин хушдоманҳоро ба 4 соли зиндон маҳкум намуда, парвандаи дигар дар вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ дар саросари кишвар 311 далели худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 164-тои он аз ҷониби занон, аз ҷумла 34-тоаш аз ҷониби ноболиғон сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи раиси Кумита Сумангул Тағоева, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2012 соли равон ҳодисаҳои худкушӣ 4 адад камтар шудаанд, вале миёни ноболиғон ин зуҳурот дар ҳоли афзоиш аст.

«Ба худкушӣ бештар занони вилояти Суғд моиланд. Сабаби асосиаш – мушкилоти иқтисодӣ ва муносибатҳои носолим дар оилаҳо мебошад», – иброз дошт ӯ.

Раиси Кумита ҳамчунин илова намуд, ки қаблан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон умуман дар рӯйхати маълумот оид ба ҳодисаҳои худкушӣ зикр намегардид, аммо аз оғози соли равон дар ин минтақа низ 11 далели худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.