Сатҳи ҷинояткорӣ байни занон дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст

Дар нимаи аввали соли 2013 дар ҷумҳурӣ 690 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби занон содир гардидааст. Нишондоди мазкур назар ба ҳамин давраи соли гузашта 241 адад бештар аст. Тибқи иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева, ба ин шумор 53 нафар духтарони ноболиғ шомиланд, ки асосан […]

Маҳпора Киромова



Дар нимаи аввали соли 2013 дар ҷумҳурӣ 690 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби занон содир гардидааст. Нишондоди мазкур назар ба ҳамин давраи соли гузашта 241 адад бештар аст.

Тибқи иттилои раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Сумангул Тағоева, ба ин шумор 53 нафар духтарони ноболиғ шомиланд, ки асосан барои қаллобӣ ва дуздӣ дастгир шудаанд.

«Чанде қабл аз Кумитаи мо духтари 19-сола хиҳиши мадад намуд, ки дар нисбати ӯ аз рӯйи далели қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Мақомоти тафтишотӣ аллакай баррасии парвандаро анҷом дода, онро ба додгоҳ ирсол кардаанд. Аз рӯйи он моддаҳое, ки мавсуф айбдор карда мешавад, ӯро 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад»,-хабар дод Тағоева.

Ӯ ба он назар аст, ки ин муҳлат барои духтароне, ки аз беақлӣ қонунро вайрон кардаанд, хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, Кумита ин духтарро бо вакили мудофеъ таъмин кард ва ҳуқуқшиносони ин сохтор ба ӯ машваратӣ ҳуқуқӣ доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.