Китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Э. Раҳмон бо ҳуруфи форсӣ ба табъ расид

Тавре дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст, нашриёти «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо теъдоди ҳазор нусха, бо ҳуруфи форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонд. Чунонки муаллиф дар муқаддимаи китоб менигорад, «мо ҳарчи бештар мероси пурғанои маънавии […]

Азия-Плюс

Тавре дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст, нашриёти «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо теъдоди ҳазор нусха, бо ҳуруфи форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонд.

Чунонки муаллиф дар муқаддимаи китоб менигорад, «мо ҳарчи бештар мероси пурғанои маънавии гузаштаро омӯзем, ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънавӣ мебахшем. Зеро аз чунин як чашмандози таърихӣ маълум мешавад, ки тамаддуни ориёии мо мисли чашмаи ҷӯшоне будааст, ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷаҳон шодоб гардидаанд».

 Китоби мазкур туҳфаи хубест барои олимони муаррих, сиёсатмадорон, ҷомеашиносон, адибон ва ҳамаи онҳое, ки шавқи таърихи ориёиро омӯхтан доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.