Иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013»

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» таҳти раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки ширкат меварзад, ки он аз 3-юм то 7-уми август дар шахрҳои Бишкек ва Қанди Қирғизистон баргузор мегардад. Тавре сомонаи расмии ФФТ иттилоъ медиҳад, мусобиқот аз рӯйи низоми давравӣ дар як давра доир мегарданд. Дар мусобиқа ғайр аз дастаи […]

Аваз Юлдашев


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Дӯстӣ-2013» таҳти раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки ширкат меварзад, ки он аз 3-юм то 7-уми август дар шахрҳои Бишкек ва Қанди Қирғизистон баргузор мегардад.

Тавре сомонаи расмии ФФТ иттилоъ медиҳад, мусобиқот аз рӯйи низоми давравӣ дар як давра доир мегарданд. Дар мусобиқа ғайр аз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (то 16-сола) дастаҳои футболи Қирғизистон, Озарбойҷон ва Беларус низ ширкат меварзанд.  Бозигарони дастаи Чикаши Сузуки бозии аввали худро дар «Ҷоми Дӯстӣ» 3-юми август бо дастаи мизбон-футболбозони Қирғизистон анҷом медиҳанд.

Барои иштирок дар мусобиқот ин мутахассиси ҷопонӣ 18 бозигар, аз ҷумла ду дарвозабон, чаҳор ҳимоятгар, нӯҳ нимҳимоятгар ва се ҳамлагарро  бо худ ба Қирғизистон мегирад.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонон: Шаҳром Исмоилов («Вахш»), Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»);

Ҳимоятгарон: Алишер Сафаров (РШВСМ), Абубакр Азимов («Равшан»), Сироҷиддин Гулмуродов («Нури Норак»), Фирӯз Ризомов («Вахш»);

Ҳамлагарон –  Рустам Толибов, Собирҷон Гуляков (РШВСМ), Ҳикматулло Муллодӯстов («Саройкамар»).

Ҳайати роҳбарӣ: Меҳроҷиддин Холов – менеҷери мунтахаб, Чикаши Сузуки – сармуррабӣ, Қаноат Латифов – мураббии калон, Мухтор Қурбонов –мураббии дарвозабонон, Абдусаттор Қаландаров – табиб.

Тақвими бозиҳои «Ҷоми Дӯстӣ-2013»

Даври якум:

3-юми  август (шанбе)

18:30 – Озарбойҷон – Беларус

18:30 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври дуюм:

5-уми август (душанбе)

18:30 – Тоҷикстон-Озарбойҷон

18:30 – Беларус – Қирғизистон

Даври сеюм

7-уми август (чаҳоршанбе)

9:00 – Тоҷикистон  – Беларус

10:00 – Қирғизистон – Озарбойҷон

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.