Гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон то 31-уми июл идома меёбад, алҳол бидуни оқибатҳои ногувор мегузарад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Хадамоти санитариву эпидемиологӣ (ХСЭ)-и Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод, хадамот мудом бо тамоми манотиқи кишвар дар тамос буда, то субҳи имрӯз дар робита ба гармии бесобиқа ягон маълумоти ташвишовар нарасидааст.
Ёдрас мекунем, ки Раёсати БДА ВКД ҶТ ба ронандагон боисрор тавсия дод, ки дар рӯзҳои гармии тоқатфарсо аз сафар ба манотиқи дурдасти кишвар худдорӣ намоянд. Ба эътиқоди табибону мутахассисон ва равоншиносон, дар шароити гармии беҳад ҳолати ронандагон, техника ва вазъи роҳҳо ба афзоиши ҳодисаҳои садамаи нақлиёт боис шуда метавонанд.
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки дар рӯзҳои гармии беҳад аз соати 8 то 22 ҳаракати автомашинаҳои боркаш таавссути роҳи асфалтпӯш манъ аст, зеро дар чунин вазъ ҳаракати автомашинаҳои гаронвазн ба харобии чунин роҳҳо оварда мерасонанд.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, бинобар сабаби муддати зиёд пойдор будани ҳарорати баланд ва дар назар набудани боришот, ин рӯзҳо ба вуҷуд омадани вазъҳои хатарноки сар задани сӯхтор дар ҷумҳурӣ, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, хатари тармафароӣ дар баландии 4000-4500 метр аз эҳтимол дур набуда, аз номусоидии обуҳаво барои афроде, ки вазъи солимиашон ба мутобиқати иқлим зиёд вобастагӣ дорад, интизорӣ меравад.



