Хадамоти алоқа: Қариб нисфи аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доранд

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, дар тарофаҳои истифодаи шабакаи Интернет дар Тоҷикистон тамоили поинравӣ ба мушоҳида мерасад. Намояндагони Хадамот зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуданд, ки нархҳои истифодаи Интернет дар муқоиса бо соли гузашта начандон назаррас коҳиш ёфта, аммо таъкид доштанд, ки «минбаъд ин тамоил идома хоҳад ёфт». «То […]

Пайрав Чоршанбиев


Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, дар тарофаҳои истифодаи шабакаи Интернет дар Тоҷикистон тамоили поинравӣ ба мушоҳида мерасад.

Намояндагони Хадамот зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуданд, ки нархҳои истифодаи Интернет дар муқоиса бо соли гузашта начандон назаррас коҳиш ёфта, аммо таъкид доштанд, ки «минбаъд ин тамоил идома хоҳад ёфт».

«То чӣ қадр поинравии нархҳоро пешбинӣ кардан мушкил аст, зеро ҳар кадоме аз ширкатҳои фароҳамсози интернет ҷадвалҳои тарофабандии мустақили худро доранд, – гуфт муовини сардори Хадамоти алоқаи Татяна Холмуродова. – Дар маҷмӯъ нархҳо на он қадр назаррас поин рафта, вале суръат дар ояндаи наздик тақрибан ду баробар меафзояд».

Номбурда таъкид намуд, ки ба масъалаи нархгузорӣ дар бахши хизматгузориҳои шабакаи Интернет Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ машғул аст.

«Мо танҳо асоснок будани тарофаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ширкатҳоро санҷида, тибқи қонунгузорӣ ба санҷиши фаъолияти ин ширкатҳо танҳо як маротиба дар муддати як сол ҳуқуқ дорем, вале бо назардошти муроҷиатҳои хаттии муштариён метавонем тафтиш доир намоем», – иброз дошт муовини сардори Хадамот.

Ба гуфтаи Холмуродова, айни замон беш аз 20 ширкатҳои фароҳамсози Интернет дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки «Вавилон», «Вавилон-Т», «Телеком Техноложи» ва «Сатурн-онлайн» аз ҷумлаи ширкатҳои бузургтаринанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқа, дар Тоҷикистон айни замон 3,8 млн. корбарон (бо назардошти корбарони интернети мобилӣ) ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд. Шумори корбарони шабакаи Интернет дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млн. нафар афзудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.