Ҳудуди 20 млн. $-и БҶ баҳри беҳбуди хизматгузориҳои тиббӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои роҳбарони Бонки ҷаҳонӣ имрӯз маблағи грантиро дар ҳаҷми 19,8 миллион долл.ИМА барои Лоиҳаи такмилдиҳии хизматрасонии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, ки ба беҳтар намудани солимии модар ва кӯдак аз ҳисоби вусъатдиҳии фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти Тоҷикистон равона шудааст, ба тасвиб расонид. Дар иттилоияи интишоршуда намояндаги […]

ASIA-Plus


Шӯрои роҳбарони Бонки ҷаҳонӣ имрӯз маблағи грантиро дар ҳаҷми 19,8 миллион долл.ИМА барои Лоиҳаи такмилдиҳии хизматрасонии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, ки ба беҳтар намудани солимии модар ва кӯдак аз ҳисоби вусъатдиҳии фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти Тоҷикистон равона шудааст, ба тасвиб расонид.

Дар иттилоияи интишоршуда намояндаги Бонки ҷаҳонӣ дар ҶИ зикр мегардад, ки лоиҳаи нав дар доираи гранти иборат аз 15 миллион долл. ИМА, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллаии рушд (АБР) ва 4,8 миллион долл. ИМА аз ҳисоби Фонди мақсадноки мултидонорӣ оид ба таҷдиди натиҷаҳои саломатӣ пешниҳод шудааст, маблағгузорӣ мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагиро дар ҳаҷми 3,20 миллион долл. ИМА ба лоиҳа ҷудо намуд.

Лоиҳа ба беҳсозии натиҷаҳои хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд тавассути амалӣ намудани тадбирҳои зерин равона шудааст: 1) таҷриба намудани истифодаи омилҳое, ки ба натиҷаи фаъолият дар муассисаҳои кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ асос ёфтаанд, 2) омӯзонидани духтурон ва ҳамширагони кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ, 3) барқаросозӣ ва таҷдиди иншооти алоҳидаи кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ ва таъмин намудани таҷҳизоти асосии тиббӣ ва, 4) баланд бардоштани иқтидор дар сатҳи марказӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ бо мақсади идоракунӣ ва татбиқи нақшаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият.

Лоиҳаи пешниҳодшуда дар ҳашт ноҳияи Тоҷикистон бо фарогирии 1 млн. 860 ҳазор нафар, ки тақрибан 25 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад, амалӣ хоҳад шуд.

«Мардуми Тоҷикистон мунтазам нигаронии худро оид ба дастрасӣ ва сифати кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ иброз менамоянд. Дар баробари ҳамкорӣ бо ҳукумат ва шаҳрвандони манфиатдор, лоиҳа ба ҳалли мушкилоти мазкур бо истифода аз равишҳои санҷида, ҷадид баҳри баланд бардоштани маҳсулнокии пешниҳодкунандагони кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ равона шудааст, – иброз доштааст дар ин робита Марша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.  – Бо бештар самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дар хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз он ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст, мо баҳри таъмини солимии оила ва некӯаҳволии он дар оянда талош меварзем».

Ба ҳолати моҳи июни соли 2013, сандуқи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа бо маблағи умумии $232.6 миллион доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарин ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (40%), баъдан таъмини об ва беҳдошт (15%), рушди инсон (14%), энергетика (13%), бахши давлатӣ (12%) ва бахши хусусӣ (6%) рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.