Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Русия сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров, сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиаллоҳ Девонаев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба андешаи аксари коршиносони тоҷик, дар ҷараёни гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин масоили амалисозии тавофуқот миёни кишварҳо, ки зимни сафари соли гузаштаи сарвари давлати Русия ба Душанбе ҳосил шуда буд, баррасӣ хоҳанд шуд.


