Дар ҷойи Главпочтамт бинои 30-ошёна қомат меафрозад

Дар макони собиқ бинои Главпочтамт дар Душанбе бинои 30-ошёна қомат меафрозад. Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Раёсати иттилоот ва баҳисобгирии ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи сохтмони бинои нав ба Раёсати сохтмон ва меъмории мақомоти шаҳрдории пойтахт пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи ӯ, рӯйи таҳияи лоиҳаи бино се ширкат фаъолият дошта, […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар макони собиқ бинои Главпочтамт дар Душанбе бинои 30-ошёна қомат меафрозад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Раёсати иттилоот ва баҳисобгирии ҶСК «Тоҷиктелеком» Алибек Бекназаров дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи сохтмони бинои нав ба Раёсати сохтмон ва меъмории мақомоти шаҳрдории пойтахт пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, рӯйи таҳияи лоиҳаи бино се ширкат фаъолият дошта, дар сурати аз ҷониби ҳукуматдорони пойтахт маъқул шуморида шудани он, корҳои сохтмони бинои баландошёна то ахири сол оғоз мегарданд.

Бекназаров зикр кард, ки дар бинои нав ҷойгир кардани идораҳои кории тамоми сохтор ва ширкатҳои пешниҳодсози хизматгузориҳои алоқа, аз ҷумла ширкатҳои фароҳамсози Интернет ва операторони мобилӣ дар назар аст.

Ӯ таъкид дошт, ки се ошёнаи аввали бино ба сифати таваққуфгоҳи автомашинаҳо истифода хоҳанд шуд, зеро дар маркази пойтахт мушкилоти макони нигаҳдории мувақкатии автомашинаҳо мавҷуд аст.

«Нахуст пешниҳодҳои сохтмони биноҳои 6, 12 ва ё 16-ошёна рӯйи кор омада буданд, вале мо бинои 30-ошёнаро интихоб кардем», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки бинои 20-ошёнаи маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» бинои баландтарини имрӯзи пойтахт маҳсуб меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.