Имзои Созишномаи канорагирӣ аз андозбандии дукарата миёни Тоҷикистону Корея

Созишнома миёни Тоҷикистон ва Корея дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад имрӯз дар Душанбе ба имзо расид. Зери созишнома вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Корея дар Тоҷикистон Ён Ҷон-Гу имзо гузоштанд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки Созишнома ба риояи қонунгузорӣ дар бахши андозбандӣ кафолат дода, тартиби баррасии […]

Заррина Эргашева


Созишнома миёни Тоҷикистон ва Корея дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад имрӯз дар Душанбе ба имзо расид. Зери созишнома вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва сафири Корея дар Тоҷикистон Ён Ҷон-Гу имзо гузоштанд.

Ҷонибҳо зикр карданд, ки Созишнома ба риояи қонунгузорӣ дар бахши андозбандӣ кафолат дода, тартиби баррасии муроҷиату аризаҳои андозсупорандагонро танзим ва ҳамчунин масоили табодули маълумот миёни мақомоти салоҳиятдори кишварҳоро ҳаллу фасл менамояд ва методҳои бартараф сохтани андозбандии дукаратаро муайян мекунад.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, имзои созишнома имкон медиҳад, ки муносибатҳои ҳамкорӣ ба сатҳи нав бароварда шаванд. «Мо ҳамчунин созишномаҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму техника ва ҳавопаймоиро низ баррасӣ дошта, ҳамчунин роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба Корея имконпазир ва Тоҷикистон низ ба рушди ҳамкориҳои технологӣ бо Корея манфиатдор аст», – гуфт вазир.

Наҷмиддинов зикр кард, ки ҷониби Корея ба роҳандозиву рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои истихроҷӣ кӯҳӣ, энергетика, металлургияи ранга, саноати вазнин ва дигар соҳаҳо низ таваҷҷуҳ дорад.

Дар навбати худ сафири Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ён Ҷон-Гу изҳор намуд, ки соҳибкорони кишвараш бешубҳа ба ҳамкориҳо бо шарикони тоҷики худ ҳавасманд буда, имзои созишнома ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба мусоидат хоҳад кард.

Ба қавли сафир, ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистон Русия чандон назаррас нест ва он тақрибан 150 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз Тоҷикиситон ба Корея асосан нахи пахтаву алюминий содирот шуда, аз Корея ба Тоҷикистон автомобил ва қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо ворид мешаванд, ки ҳудуди 90%-и ҳаҷми муомилот ба воридот аз Корея ба Тоҷикистон рост меояд.

«Ман кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, то ки ширкатҳои кореягӣ ба бозори Тоҷикистон роҳ ёфта, сармоягузорӣ кунанд ва аксари ширкатҳои кореягӣ ба таҳқиқоти бозори Тоҷикистон шурӯъ намуда, қабл аз ба ин ҷо омадан ба низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ низ таваҷҷуҳ хоҳанд кард», – зикр кард сафир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.