Президенти Тоҷикистон ба Маскав раҳсипор шуд

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Русия сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, муовини аввали […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Русия сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров, сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиаллоҳ Девонаев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба андешаи аксари коршиносони тоҷик, дар ҷараёни гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин масоили амалисозии тавофуқот миёни кишварҳо, ки зимни сафари соли гузаштаи сарвари давлати Русия ба Душанбе ҳосил шуда буд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.