Соли равон дар минтақаи Осиёи Марказӣ 4,8 тон ҳероини истеҳсоли Афғонистон мусодира карда шуд

Душанбе. 20-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз машварати III -уми ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ (ИДМ) ва Русия дар Душанбе сардори Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфноки Кумитаи иҷроияи ИДМ, генерал лейтенанти милиса Александр Боков изҳор дошт, ки […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 20-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз машварати


III


-уми ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ (ИДМ) ва Русия дар Душанбе сардори Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфноки Кумитаи иҷроияи ИДМ, генерал лейтенанти милиса Александр Боков изҳор дошт, ки агар соли гузашта дар минтақаи Осиёи Марказӣ 2,5 тонна маводи сахттаъсири ҳероин мусодира карда шуда бошад, пас соли равон ин рақам ба 4,8 тонна баробар шудааст.




А.Боков таъкид сохт, ки аз рӯи тахминҳои пешакӣ, соли равон дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир ба 8,2 ҳазор тонна мерасад, ки нисбат ба соли 2006 ба миқдори 200 тонна зиёдтар аст. «Бо назардошти вазъи мавҷуда дар машварат бобати чораҳои муштараки пешгирӣ ва муборизаи муассир бо ин падида табодули афкори иштирокдорон сурат гирифт», – гуфт ӯ.



Дар машварат беш аз 40 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нерӯҳои марзбонӣ, кумитаҳои гумрук, агентиҳо ва сохтори махсуси мубориза бо маводи мухаддири давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Украина, Молдова ва аъзои Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд