Вакил: Созишномаи пойгоҳи низомии 201-ум бо аксари кулли овозҳо тасдиқ мешавад

spot_imgspot_img

Дата:


Пас аз анҷоми таътил моҳи октябр ё аввали ноябр вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ бо аксари кулли овозҳо Созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистонро, ки моҳи октябри соли гузашта ба имзо расида буд, тасдиқ хоҳанд кард. Чунин ибрози андеша намуд имрӯз ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков.

Ба гуфтаи вакил, ҳадди ниҳоӣ се нафар вакилони палатаи поёнии парлумон метавонанд мухолифи тасдиқи он раъй диҳанд.

«Зимни гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар Маскав аввали ҳамин моҳ тамоми масоили марбут ба тасдиқи созишнома ҳаллу фасл шуда, сарони кишварҳо бори дигар исбот намуданд, ки барои ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои шарикони стратегӣ ҳамеша ба муколамаи созанда омодаанд. Раҳмон ва Путин ба баҳсҳои атрофи пойгоҳ ва бадхоҳони ҳарду кишвар, ки тибқи усули «тафриқа андозу ҳукмронӣ кун» амал мекунанд, хотима бахшиданд», – зикр кард вакил.

Дар идомаи суҳбат ӯ таъкид дошт, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳифзи иншооти стратегӣ ва ҳимояи марзи Тоҷикистону Афғонистон саҳм гузошта буд.

«Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия натанҳо аз манфиатҳои Русия ё Тоҷикистон ҳимоя мекунад, балки баҳри таъмини сулҳу субот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ низ саҳми арзанда дошта метавонад», – таъкид намуд Талбаков.

Ба андешаи ӯ, тавофуқоти ҳосилшуда миёни Путину Раҳмон дар масъалаҳои воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ ва имтиёзот ба муҳоҷирони кории тоҷик, барои рушди Тоҷикистон миллионҳо доллари иловагӣ фоида меоваранд. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...