Бозигари «Истиқлол» аз Сербия ба ватан баргашт

Пас аз ним соли ҳунарнамоӣ дар дастаи «Слобода»-и Сербия нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин Давронов боз ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баргашт. Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол», нимаи дуюми мавсим Нуриддин Давронов таҳти рақами «88» дар ин даста бозӣ хоҳад кард. Ёдрас мекунем, ки Давронов муддати сеюним сол дар дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ карда, […]

ASIA-Plus


Пас аз ним соли ҳунарнамоӣ дар дастаи «Слобода»-и Сербия нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин Давронов боз ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баргашт.

Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол», нимаи дуюми мавсим Нуриддин Давронов таҳти рақами «88» дар ин даста бозӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Давронов муддати сеюним сол дар дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ карда, бо ин даста ба якчанд дастовардҳо ноил гардидааст. Федератсияи футболи Тоҷикистон Нуриддин Давроновро нимҳимоятгари беҳтарини чемпионати соли гузаштаи ҷумҳурӣ эътироф карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.