Баррасии масоили ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британия

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз роҳбари гурӯҳи дӯстии парлумони Британияи Кабир бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи парлумонҳои Тоҷикистону Британия ва ҳамчунин суръат […]

Аваз Юлдошев


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз роҳбари гурӯҳи дӯстии парлумони Британияи Кабир бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи парлумонҳои Тоҷикистону Британия ва ҳамчунин суръат бахшидан ба ҷараёни фароҳам овардани заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ миёни давлатҳо баррасӣ шуданд.

«Зуҳуров зикр кард, ки айни замон миёни Тоҷикистону Британияи Кабир лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ кардан аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя, дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва лоиҳаи қарордоди ҳамкориҳои фанниву иқтисодӣ ва илмӣ таҳия шудаанд. Дар ин робита ӯ изҳори итминон кард, ки имзо ва тасдиқи онҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба кишварҳо мусоидат хоҳад намуд», – гуфт Султонов.

Котиби матбуотии парлумон изҳор кард, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили марбут ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни давлатҳо ва табодули сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ низ табодули назар намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.