Ба муносибати ҷашни солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани 210 иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Суғд дар назар аст. Дар ин бора зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти имконоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон, ҳукумати вилоят боз ҳам зиёдтар мавриди истифода қарор гирифтани иншооти саноатӣ ва иҷтимоӣ дар қаламрави вилоятро пешбинӣ мекунад.
«Дар аксари иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла варзишгоҳи шаҳри Исфара бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, кӯдакистони президентӣ дар Хуҷанд, литсей дар шаҳраки Хистеварз ва ғайра корҳои сохтмон айни замон ба анҷом расиданд», – гуфт Сангинов.
Дар идома ӯ зикр кард, ки дар сохтмони иншооти мазкур ба ҷуз маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ низ хароҷот шуда, баъди ба истифода додани онҳо ҳазорон нафар сокинони вилоят бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда мешаванд.



