Ҳуқуқшиноси гимназияи шаҳри Хуҷанд аснои порагирӣ дастгир шуд

Ҳуқуқшиноси гимназияи «Сафина» дар шаҳри Хуҷанд аснои гирифтани пора дастгир шуд ва рӯзҳои наздик ба додгоҳ ҳозир мешавад. Дар ин бора ба АП дар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додаанд. Ба қавли манбаъ, ҳуқуқшиноси гимназияи «Сафина»-и шаҳри Хуҷанд Ф.Ш. аз ҷониби кормандони Агентии зидди фасод […]

Мавлуда Рафиева



Ҳуқуқшиноси гимназияи «Сафина» дар шаҳри Хуҷанд аснои гирифтани пора дастгир шуд ва рӯзҳои наздик ба додгоҳ ҳозир мешавад.


Дар ин бора ба АП дар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар додаанд.

Ба қавли манбаъ, ҳуқуқшиноси гимназияи «Сафина»-и шаҳри Хуҷанд Ф.Ш. аз ҷониби кормандони Агентии зидди фасод дар лаҳзаи гирифтани пора дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар дастгир мешавад.

«Ин миқдор маблағро вай аз зани маҳаллӣ А.Т. барои дохил кардани хоҳарзодаи ӯ ба коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд гирифтааст», – зикр кард манбаъ.

Аз рӯи моддаи 247 қ. 2 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ дар нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз тафтиш ба додгоҳ ирсол мегардад.

Тибқи маълумоти Раёсати зидди фасод дар вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли 2013 дар шимоли Тоҷикистон 47 далели қаллобӣ (2011- 76) ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.