Васли низоми муосири Multilateration дар «Тоҷикаэронавигатсия»


Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» корҳои васли низоми Multilateration (MLAT) дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро ба итмом мерасонад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, дар минтақаи шимоли кишвар ин технология аллакай мавриди истифода қарор дошта, барои идораи мустақилонаи парвози ҳавопаймоҳо дар фазо имкони хуб фароҳам овард, зеро то соли 2010 хизматгузории ҳаракат дар фазои вилояти Суғд аз ҷониби Ӯзбекистон анҷом дода мешуд.

Ба иттилои манбаъ, низоми мазкур аз ҷониби ширкати «Эра»-и Чехия таҳия гардида, ба корҳои васлу насби он дар Тоҷикистон низ ҳамин ширкат машғул аст.

«Васли ин низом низ ба маҷмӯи чорабиниҳои беҳбуди таъмини парвозҳо равона гардида, ин технология воситаи бештар пурсамари назорати фазо дар шароити кӯҳистон аст ва аз ин рӯ, миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ ин низом танҳо дар Арманистну Тоҷикистон истифода мешавад», – шарҳ доданд дар корхона.

Зимнан зикр гардид, ки бо ҷорӣ шудани низоми Multilateration, аз истифодаи низоми радиолокатсионӣ дар Тоҷикистон даст накашида, онҳо муштарак амал хоҳанд кард.

spot_imgspot_img

Популярное