Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов мутмаин аст, ки масъалаи нерӯгоҳи Роғун ба сифати мисол дар чорабиниҳои гуногуни Конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (Душанбе, 20-22-юми август) мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
«Гап сари он аст, ки нерӯгоҳи Роғун моҳиятан мушкилоти начандон бузург аст. Он мушкилоти байнулмилалӣ набуда, сирф байнидавлатӣ ва яке аз кишварҳои поёноб қотеъона мухолифи идомаи сохтмони он аст», – изҳор доштааст дар мусоҳиба ба Радиои СММ С.Аслов.
«Мо даҳҳо мисолҳоро медонем, ки дар кишварҳои болооб иншооти гидротехникӣ бунёд шуда, аз ҷониби кишварҳои ҳавза ё минтақа муштаракан истифода мешаванд. Ҳукумати мо ҳамеша кушоду шафооф кишварҳои дигари минтақаро ба истифодаи муштараки чунин иншоот даъват кардааст», – афзудааст намояндаи Тоҷикистон дар СММ.
Қобили зикр аст, ки дар конфронси байнулмилалии Душанбе аз иштироки беш аз ҳазор нафар аз 100 кишвари узви СММ интизорӣ меравад.



