Барномасозони тоҷик модули барномавии «Бастаи забони тоҷикӣ барои Microsoft Office» – TajSpell 1.0. TajSpell 1.0-ро таҳия намуданд, ки барои санҷиши автоматии имлои забони тоҷикӣ ва ҷобаҷогузории аз як сатр ба сатри дигар гузаштани калимаҳо пешбинӣ шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди технологияҳои иттилоотии Зафар Усмонов» Хуршед Худоёров иттилоъ дод, барнома ба санҷиши автоматии имлои калимаҳои забони тоҷикӣ ва ҳамчунин дуруст ба сатри дигар кӯчонидани онҳо дар матн имкон медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, барномаи TajSpell 1.0 аллакай аз Microsoft Office сертификат дастрас кардааст. «Айни замон бо насби TajSpell дар компютер ва интихоби забони тоҷикӣ дар матн метавон аз ин барнома истифода кард. Феълан бо ширкати Microsoft Office гуфтушунид дорем, то ки онҳо минбаъд ҳангоми пешниҳоди барномаҳои навшудаи Microsoft ба рӯйхат забони тоҷикиро ҳам шомил намоянд», – зикр кард Худоёров.
Модули имло (орфографӣ) ба корбарон имкон фароҳам месозад, ки дар замони воқеъӣ, яъне зимни чидани матн имлоро бисанҷанд. Зери калимаҳои дорои хатои имлоӣ хати сурхи мавҷдор пайдо мешавад. Тавассути тугмачаи рости мушак ва интихоби шакли дурусти навишти калима ё ворид намудани калима ба луғат он ислоҳ карда мешавад.



