Президент ба фаъолияти якчанд иншоот дар Норак ҳусни оғоз бахшид

spot_imgspot_img

Дата:


Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали имрӯз бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 660 хонанда дар як баст дар кӯчаи Рӯдакӣ ҳусни оғоз бахшид.

Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин рӯзҳо дар шаҳри Норак сохтмони боз як то ҳамин гуна мактаб оғоз меёбад. Барои ҳарду мактаб, ки дар маҷмӯъ барои беш аз 2500 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудаанд, ҷудо намудани наздики 70 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар маркази шаҳри Норак бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои панҷошёнаи маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муродалӣ Ятимов бунёд ёфтааст. Танҳо дар 2 ошёнаи омодагаштаи ин бино беш аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Дар паҳлӯи ин бино бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бозори нави шаҳри Норак ифтитоҳ ёфт, ки аз ду бинои дуошёна ва як бинои сеошёна иборат буда, дорои беш аз 300 ҷойи корӣ мебошад. Ин бозори зебою мураттаб аз ҷониби бародарони соҳибкор Назаровҳо бо харҷи қариб 5,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он фурӯшгоҳҳои маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, либосворӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, супермаркет, меҳмонхона ва коргоҳҳои дӯзандагию заргарӣ ҷойгир карда мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо корхонаи хусусии Тоҷикгидромонтаж Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти истеҳсолии он аз наздик шинос шуд.

Ин корхонаи дар гузашта барои сохтмони нерӯгоҳи Норак бунёдёфта, дорои таърихи пурифтихор аст. Бо вуҷуди ин, корхона дар солҳои 90 уми асри гузашта бо сабабҳои маълум қариб аз кор боз монда, ба ҳолати ногувор рӯ ба рӯ омада буд. Вале аз пас хусусӣ шудан он умри дубора пайдо намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун машғул шуд.

Ҳоло танҳо дар коргоҳҳои коркарди метал беш аз 30 нафар кафшергарони моҳир ва дигар мутахассисони баландпоя бо истеҳсоли конструксияҳои гуногуни оҳанию пулодӣ барои нерӯгоҳҳои барқӣ, дигар иншооти гидротехникӣ, роҳу пулҳо, нақбҳо ва дигар иншоот машғуланд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...