Адвокатҳо ба рӯбарӯкунии З.Саидов ва ҷабрдида аз таҷовуз ба номус муваффақ шуданд

Соҳибкор Зайд Саидов, ки нисбаташ аз рӯи далели таҷовуз ба номуси ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, имрӯз, 13-уми август бо ҷабрдида рӯ ба рӯ вомехӯрад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, бо дархости адвокатҳои боздоштшуда соатҳои наздик вохӯрӣ дар бинои Агентии зиддифасод баргузор мегардад. «То имрӯз Саидов ва мо, адвокатҳои ӯ […]

ASIA-Plus


Соҳибкор Зайд Саидов, ки нисбаташ аз рӯи далели таҷовуз ба номуси ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, имрӯз, 13-уми август бо ҷабрдида рӯ ба рӯ вомехӯрад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров иттилоъ дод, бо дархости адвокатҳои боздоштшуда соатҳои наздик вохӯрӣ дар бинои Агентии зиддифасод баргузор мегардад.

«То имрӯз Саидов ва мо, адвокатҳои ӯ боре ҳам «ҷабрдида»-ро надидаем. Дар вохӯрӣ танҳо Саидов, адвокатҳо ва духтар бо намояндаи расмии худ ҳузур хоҳанд дошт», – изҳор кард Табаров.

Ёдрас мекунем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 16-уми июл нисбати Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ

парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Коршиносон бар ин назаранд, ки айбномаҳои нав нисбати Зайд Саидов метавонанд сохташуда ва баёноти ин занон бардурӯғ бошанд, зеро тибқи айбномаҳои пешин заминаи исбот мавҷуд нест ва аз ин рӯ, тафтишот маҷбур аст, ки «ҷиноятҳо»-и нав «ошкор созад»-у ба ӯ пешниҳод намояд.

Ҳамчунин мавриди ёдоварист, ки ҳамаи ин айбномаҳо ба Саидов дарҳол пас аз

номаи ӯ аз боздоштгоҳи муваққатии

Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва хоҳиши дахли ӯ ба қазия бо назардошти вазъи солимиаш пешниҳод шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Монеи издивоҷ бо дӯстдухтар шуданд. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.