Мусоидати GIZ ба коҳиши камбизоатӣ дар ноҳияҳои ҷануб

Дар ноҳияи Восеъ таҳти унвони шартии «Коҳиши камбизоатӣ тавассути баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои деҳот» амалисозии лоиҳаи наваи OXFAM оғоз гардид, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) маблағгузорӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари лоиҳаи OXFAM Мирзомурод Самиев хабар дод, лоиҳа ба муддати ду сол пешбинӣ ва айни замон амалисозии барнома дар ноҳияҳои Кӯлоб, […]

Турко Дикаев


Дар ноҳияи Восеъ таҳти унвони шартии «Коҳиши камбизоатӣ тавассути баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои деҳот» амалисозии лоиҳаи наваи OXFAM оғоз гардид, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) маблағгузорӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари лоиҳаи OXFAM Мирзомурод Самиев хабар дод, лоиҳа ба муддати ду сол пешбинӣ ва айни замон амалисозии барнома дар ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Вахш оғоз гардида, соли дуюми ноҳияҳои Қумсангир, Бохтар ва Ҷомиро низ фаро хоҳад гирифт.

«Дар маҷмӯъ ба амалисозии лоиҳа ҳудуди 80 ҳазор нафар, аз ҷумла наздики 40 ҳазор нафар занон аз 63 маҳаллаи аҳолинишини ноҳияҳои зикршуда ҷалб мешаванд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки дар ин давра дар ҳар кадоме аз ноҳияҳо хадамоти машваратӣ ва хизматгузории техникӣ ташкил гардида, мағозаҳои махсуси аграрӣ кушода мешаванд.

Самиев таъкид намуд, ки GIZ чор вазифаи асоси ноил гардидан ба коҳиши сатҳи камбизоатиро муайн кардааст, ки аз тағйири қобили андозаи шароитҳои мусоид барои мусоидат ба рушди иқтисодии манотиқи деҳот, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар деҳот, беҳбуди дастрасӣ ба имконоту маҳсулоти нав ва мавҷуда ва ба даст овардани даромад аз густариши коридори фаромарзии нақлиётӣ ва фаъолияти иқтисодӣ иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.