Озодии се ноболиғи тоҷик аз қабулгоҳи махсуси Новосибирск

Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия се нафар ноболиғони тоҷик аз қабулгоҳи махсуси Сарраёсати ВКД ФР дар вилояти Новосибирск озод карда шуданд. Бино ба иттилои намояндагии мазкур, як корманди намояндагӣ Маҳмадӣ Давлатов ба онҷо сафар дошта, бо сардори қабулгоҳ Лариса Курилас роҷеъ ба ҳалли пурсамари мушкилоти мавҷуда гуфтушунид кардааст. «Дар вохӯрӣ […]

ASIA-Plus


Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия се нафар ноболиғони тоҷик аз қабулгоҳи махсуси Сарраёсати ВКД ФР дар вилояти Новосибирск озод карда шуданд.

Бино ба иттилои намояндагии мазкур, як корманди намояндагӣ Маҳмадӣ Давлатов ба онҷо сафар дошта, бо сардори қабулгоҳ Лариса Курилас роҷеъ ба ҳалли пурсамари мушкилоти мавҷуда гуфтушунид кардааст.

«Дар вохӯрӣ зикр гардидааст, ки ба қабулгоҳи муваққатӣ аслан ноболиғоне оварда мешаванд, ки ба қонуншиканӣ даст задаанд ва то муайян кардани шахсияту ҳолатҳои қонуншикании онҳо дар инҷо нигоҳ дошта мешаванд ва дар зарфи ҳафт моҳ 8 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар ин ҷо нигаҳдорӣ шудаанд», – хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, бо мусоидати намояндагӣ се нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон – зодаи шаҳри Исфара Шоҳрӯз Ортиқов, сокини шаҳри Чкаловск Шаҳром Хайриддинов ва истиқоматкунандаи ноҳияи Румӣ Кароматулло Наҷмиддинов, ки барои содир намудани қонуншиканиҳои гуногун дар ин марказ нигоҳ дошта мешуданд, ба намояндагони қонунӣ  супурда шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.