Ҳушдори Вазорати фарҳанг ба сардабири нашрияи «Наҷот»

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба унвони сардабири нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода огоҳинома фиристод. Дар мактуб бо имзои вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, ки дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» аст, зикр гардидааст, ки пас аз омӯзиши маводи «Хоруғ» аз санаи 25-уми июли соли ҷорӣ, Вазорати фарҳанг расман сардабирро аз риоя накардани қонунгузории кишвар огоҳ мекунад. […]

ASIA-Plus


Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба унвони сардабири нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода огоҳинома фиристод.

Дар мактуб бо имзои вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, ки дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» аст, зикр гардидааст, ки пас аз омӯзиши маводи «Хоруғ» аз санаи 25-уми июли соли ҷорӣ, Вазорати фарҳанг расман сардабирро аз риоя накардани қонунгузории кишвар огоҳ мекунад.

Гуфта мешавад, дар ин мавод Сайфуллозода ҳамчун сардабири нашрия бо паҳн кардани «маълумоти носаҳеҳ, носанҷида ва тӯҳматомез» ба талаботи моддаҳои 6 (Роҳ надодан ба суистифода аз озодии баён) ва 29 (Уҳдадориҳои журналист)-и Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» риоя накардааст.

«Дар ин робита Вазорати фарҳанг аз Шумо дархост мекунад, ки аз таҳия ва нашри маводи носаҳеҳ ва мухолиф ба қонунгузорӣ худдорӣ намоед. Дар сурати такрои амали марбут ба суистеъмол аз озодии баён, вазорат дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ чора меандешад», – баён мегардад дар нома.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.