Дар ноҳияи Восеъ таҳти унвони шартии «Коҳиши камбизоатӣ тавассути баланд бардоштани даромаднокии хоҷагиҳои деҳот» амалисозии лоиҳаи наваи OXFAM оғоз гардид, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) маблағгузорӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари лоиҳаи OXFAM Мирзомурод Самиев хабар дод, лоиҳа ба муддати ду сол пешбинӣ ва айни замон амалисозии барнома дар ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Вахш оғоз гардида, соли дуюми ноҳияҳои Қумсангир, Бохтар ва Ҷомиро низ фаро хоҳад гирифт.
«Дар маҷмӯъ ба амалисозии лоиҳа ҳудуди 80 ҳазор нафар, аз ҷумла наздики 40 ҳазор нафар занон аз 63 маҳаллаи аҳолинишини ноҳияҳои зикршуда ҷалб мешаванд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки дар ин давра дар ҳар кадоме аз ноҳияҳо хадамоти машваратӣ ва хизматгузории техникӣ ташкил гардида, мағозаҳои махсуси аграрӣ кушода мешаванд.
Самиев таъкид намуд, ки GIZ чор вазифаи асоси ноил гардидан ба коҳиши сатҳи камбизоатиро муайн кардааст, ки аз тағйири қобили андозаи шароитҳои мусоид барои мусоидат ба рушди иқтисодии манотиқи деҳот, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар деҳот, беҳбуди дастрасӣ ба имконоту маҳсулоти нав ва мавҷуда ва ба даст овардани даромад аз густариши коридори фаромарзии нақлиётӣ ва фаъолияти иқтисодӣ иборат аст.



