Агентии зиддифасод санҷиши фурудгоҳи Душанберо оғоз кард


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба санҷищи ҳамаҷонибаи фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар мавриди ҷой доштани ҳодисаҳои тамаъҷӯии ҳайати шахсии фурудгоҳ аз мусофирон оғоз кард.

Дар ҷараёни санҷиш ҳамчунин маълумоти роҳбари гурӯҳи ҳунарии латвиягии «Барака» дар бораи ба ҳолати ногувор афтодан ҳангоми парвоз аз ин фурудгоҳ низ таҳқиқ хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентӣ Миллопар Бандишоев хабар дод, санҷиши далелҳои интишоршуда 15-уми август оғоз гардида айни замон шоҳидони ҳодиса бозпурсӣ мешаванд.

«Мо худамон ба тафтиши воқеъбинона манфиатдорем, зеро таври маълум, фурудгоҳ дарвозаи кишвар аст, вале баъзе нохалафон бо кирдори номатлуби худ обрӯи мамлакатро паст мекунанд», – мегӯяд Бандишоев.

Ба қавли ӯ, шоми имрӯз бояд ба Агентӣ сабти видеоии қазияи аз ҷониби роҳбари гурӯҳи «Барака» ҳикоятшуда оварда шавад. «Мо ният дорем, ки фаъолияти ҳамаи кормандону хизматчиёни фурудгоҳро ҳамаҷониба мавриди тафтиш қарор дода, кормандони дигареро ҳам ошкор созем, ки ба амалҳои тамаъҷӯӣ аз мусофирон даст мезананд», – иброз дошт муовини директори Агентӣ.

Бандишоев зикр кард, ки аз рӯи натиҷаҳои санҷиш санади дахлдор таҳия ва ба раҳбарияти фурудгоҳ ирсол хоҳад шуд, то ки корманди ба ин амали номатлуб нисбати меҳмонони хориҷӣ роҳдода аз кор озод карда шавад», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи ҳунарии «Барака»-и Латвия ба хотири ёдбуди овозхон Наргис Бандишоева дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ якчанд консерт баргузор намуд. Дар саҳифаи фейсбукии худ роҳбари гурӯҳ Дмитрий Евсиков дар бораи таассуроташ аз сафар ба Тоҷикистон изҳор кардааст, ки

то замони тарки ин кишвар

, сафар олиҷаноб буд.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе айбнома ба унвони кормандони хадамоти амнияти авиатсионӣ дар робита ба қазияи ногувори гурӯҳи латвиягии «Барака» дар фурудгоҳро

рад кард.

 

spot_imgspot_img

Популярное