Аз соли нав «Ҷумҳурият» ҳамарӯза нашр мешавад

Шурӯъ аз соли нав рӯзномаи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба муносибати 90-солагиаш ҳамарӯза ба чоп хоҳад расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардабири ҳафтавор Атохӯҷа Мирхоҷа хабар дод, мавод барои чоп дар ҳафтавор мудом хеле зиёд асту идораи ҳафтавор саривақт онҳоро ба нашр расонида наметавонад. Ба қавли ӯ, имсол ба таъсиси газета 89 сол пур мешавад ва […]

Меҳрангез Турсунзода


Шурӯъ аз соли нав рӯзномаи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба муносибати 90-солагиаш ҳамарӯза ба чоп хоҳад расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардабири ҳафтавор Атохӯҷа Мирхоҷа хабар дод, мавод барои чоп дар ҳафтавор мудом хеле зиёд асту идораи ҳафтавор саривақт онҳоро ба нашр расонида наметавонад.

Ба қавли ӯ, имсол ба таъсиси газета 89 сол пур мешавад ва дар замони шӯравӣ он ҳамарӯза ба нашр мерасид. «Аз соли 2000 газета дар як ҳафта се маротиба ба чоп мерасад. Айни замон имконоти молии кишвар хубтар мешавад ва мутаносибан талаботи аҳолӣ ба газета низ меафзояд. Аз ин рӯ, мо аз президнт хоҳиш кардем, ки аз соли 2014 нашри ҳамарӯзаи газетаро ба роҳ монем», – зикр кард А.Мирхоҷа.

Нахустин шумораи газета 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» ва шумораи дуюм таҳти унвони «Бедории тоҷик» ба табъ расид. Аз соли 1928 то 1-уми январи соли 1955 газета «Тоҷикистони Сурх» ва аз 1-уми январи соли 1955 то моҳи сентябри соли 1991 «Тоҷикистони Советӣ» ном дошт. Аз моҳи сентябри соли 1991 то имрӯз газета таҳти унвони «Ҷумҳурият нашр мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.