Агентии зиддифасод санҷиши фурудгоҳи Душанберо оғоз кард

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба санҷищи ҳамаҷонибаи фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар мавриди ҷой доштани ҳодисаҳои тамаъҷӯии ҳайати шахсии фурудгоҳ аз мусофирон оғоз кард. Дар ҷараёни санҷиш ҳамчунин маълумоти роҳбари гурӯҳи ҳунарии латвиягии «Барака» дар бораи ба ҳолати ногувор афтодан ҳангоми парвоз аз ин фурудгоҳ низ таҳқиқ хоҳад шуд. […]

Меҳрангез Турсунзода


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба санҷищи ҳамаҷонибаи фаъолияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) дар мавриди ҷой доштани ҳодисаҳои тамаъҷӯии ҳайати шахсии фурудгоҳ аз мусофирон оғоз кард.

Дар ҷараёни санҷиш ҳамчунин маълумоти роҳбари гурӯҳи ҳунарии латвиягии «Барака» дар бораи ба ҳолати ногувор афтодан ҳангоми парвоз аз ин фурудгоҳ низ таҳқиқ хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Агентӣ Миллопар Бандишоев хабар дод, санҷиши далелҳои интишоршуда 15-уми август оғоз гардида айни замон шоҳидони ҳодиса бозпурсӣ мешаванд.

«Мо худамон ба тафтиши воқеъбинона манфиатдорем, зеро таври маълум, фурудгоҳ дарвозаи кишвар аст, вале баъзе нохалафон бо кирдори номатлуби худ обрӯи мамлакатро паст мекунанд», – мегӯяд Бандишоев.

Ба қавли ӯ, шоми имрӯз бояд ба Агентӣ сабти видеоии қазияи аз ҷониби роҳбари гурӯҳи «Барака» ҳикоятшуда оварда шавад. «Мо ният дорем, ки фаъолияти ҳамаи кормандону хизматчиёни фурудгоҳро ҳамаҷониба мавриди тафтиш қарор дода, кормандони дигареро ҳам ошкор созем, ки ба амалҳои тамаъҷӯӣ аз мусофирон даст мезананд», – иброз дошт муовини директори Агентӣ.

Бандишоев зикр кард, ки аз рӯи натиҷаҳои санҷиш санади дахлдор таҳия ва ба раҳбарияти фурудгоҳ ирсол хоҳад шуд, то ки корманди ба ин амали номатлуб нисбати меҳмонони хориҷӣ роҳдода аз кор озод карда шавад», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи ҳунарии «Барака»-и Латвия ба хотири ёдбуди овозхон Наргис Бандишоева дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ якчанд консерт баргузор намуд. Дар саҳифаи фейсбукии худ роҳбари гурӯҳ Дмитрий Евсиков дар бораи таассуроташ аз сафар ба Тоҷикистон изҳор кардааст, ки

то замони тарки ин кишвар

, сафар олиҷаноб буд.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе айбнома ба унвони кормандони хадамоти амнияти авиатсионӣ дар робита ба қазияи ногувори гурӯҳи латвиягии «Барака» дар фурудгоҳро

рад кард.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.