Баррасии масоили амалисозии лоиҳаи CASA-1000 дар Душанбе

Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти вазири энергетика ва санати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати ҳукумати Афғонистон масоили амалисозии лоиҳаи хатти интиқоли барқи минтақавии CASA-1000 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ба ҳайати ҳукумати Афғонистон вазири молияи Афғонистон Ҳазрат Умар Зохилвол, раиси Идораи роҳи оҳани ин кишвар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Душанбе зимни мулоқоти вазири энергетика ва санати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо ҳайати ҳукумати Афғонистон масоили амалисозии лоиҳаи хатти интиқоли барқи минтақавии CASA-1000 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ба ҳайати ҳукумати Афғонистон вазири молияи Афғонистон Ҳазрат Умар Зохилвол, раиси Идораи роҳи оҳани ин кишвар Ямо Шамс ва сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғаффор Орзу шомил буданд.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВт Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва хати лӯлаи гази табиӣ аз Шибирғони Афғонистон ба Тоҷикистон тариқи Шаҳритуз ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика ва бахшҳои гуногуни саноат, фазои мусоиди сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ибрози назар намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯри изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштаанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.