Исрори адвокатҳои З.Саидов оид ба баргузории ташхиси ДНК

Адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов аз мақомоти тафтишот дархост кардаанд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, ташхиси ДНК гузаронида шавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров хабар дод, дархост рӯзи 10-уми август пешниҳод шуда, имрӯз, 16-уми август бояд посух бигиранд. […]

ASIA-Plus


Адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов аз мақомоти тафтишот дархост кардаанд, ки барои муайян кардани эҳтимоли падар будани зерҳимояи онҳо нисбати кӯдаке, ки модараш ӯро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекунад, ташхиси ДНК гузаронида шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Исҳоқ Табаров хабар дод, дархост рӯзи 10-уми август пешниҳод шуда, имрӯз, 16-уми август бояд посух бигиранд.

«Дар муддати 10 рӯз бояд посух бирасад ва мо имрӯз боз ба мақомоти тафтишот баҳри огаҳӣ аз тасмими онҳо муроҷиат мекунем, вале онҳо алҳол имкони баргузории ташхиси биологӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ доранд, ки он мувофиқат дар гурӯҳи хунро муайян мекунад, вале ба мушаххас намудани эҳтимоли падарӣ ба кӯдак кӯмак намекунад», – иброз дошт Табаров.

Адвокат изҳор кард, ки сарфи назар аз чигунагии қарори мақомоти тафтишот, онҳо ба баргузории ташхиси ДНК исрор хоҳанд варзид, зеро то анҷоми ин ташхис парванда набояд ба суд ирсол гардад. «Баргузории ташхиси ДНК дар Тоҷикистон ғайриимкон аст ва дар ин робита, мо ҳамаи хароҷоти баргузории он дар хориҷи кишварро ба зиммаи худ мегирем», – зикр кард ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар сурати қонеъ шудани дархосташон, ташхис шояд дар Олмон гузаронида шавад ва арзиши он ҳудуди 1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба савол оид ба дар аксҳои пайдошуда дар Facebook «ҷабрдида»-ро шинохтани ӯ, Табаров посух дод, ки ӯ алҳол ин аксҳоро надидааст, вале намояндагони ҳимоя, ки зимни рӯбарӯкунӣ дар СИЗО ҳузур доштаанд, инро тасдиқ намудаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар 

маросими рӯбарӯкуниии

 рӯзи 13-уми август соҳибкори маъруф Зайд Саидов духтареро, ки ба таҷовуз ба номусаш ӯро айбдор медонад, нашинохт. Зимни вохӯрӣ Зайд изҳор кард, ки ин духтарро бори аввал мебинад ва қаблан ӯро намешинохт, аммо духтар ӯро шинохта ба гунаҳкор кардани ӯ дар таҷовуз ба номусаш идома дод.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 15-уми август

дар шабакаи иҷтимоии Facebook

аксҳои зане пайдо шуданд, ки гуфта мешавад, ҳамин духтар соҳибкор Зайд Саидовро ба таҷовуз ба номусаш муттаҳам мекунад.

Дар силсилаи аксҳои аз ҷониби шахси номаълум аксбардоришуда духтаре бо либоси миллии ҳарир ва дар даст қуттии тамоку тасвир ёфтааст. Дар акс дида мешавад, ки ӯ дар назди бинои КДАМ, ҷойи нигаҳдории Зайд Саидов қарор дорад. Дар паҳлӯи ӯ як зани дигар ва Фирӯз Холмуродов, муовини сардори Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ оид ба парвандаи Зайд Саидов истодаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.