Ҳалокати се муҳоҷири тоҷик дар шарқи Маскав

Дар гузаргоҳи Семёновои минтақаи шарқии шаҳри Маскав се муҳоҷири тоҷик бар асари заҳролудшавӣ аз газ ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ҳалокшудагон Ҳокимшо Хонов (соли тав. 1968), Абдумалик Атоев (соли тав. 1962) ва Исмоил Сиддиқов (соли тав. 1967) ҳама сокинони ноҳияи Данғара мебошанд. Гуфта мешавад, онҳо дар […]

ASIA-Plus


Дар гузаргоҳи Семёновои минтақаи шарқии шаҳри Маскав се муҳоҷири тоҷик бар асари заҳролудшавӣ аз газ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ҳалокшудагон Ҳокимшо Хонов (соли тав. 1968), Абдумалик Атоев (соли тав. 1962) ва Исмоил Сиддиқов (соли тав. 1967) ҳама сокинони ноҳияи Данғара мебошанд.

Гуфта мешавад, онҳо дар ҶДММ «СБиУ-1», ташкилоти паймонкор оид ба тозакунии роҳҳои ҳавзаи маъмурии шарқии шаҳри Маскав кор мекардаанд. Ҷасади онҳо рӯзи панҷшанбе, 15-уми август дар яке аз чоҳҳо дарёфт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, РИА «Новости» хабар медиҳад, ки ин ҳодисаи фоҷеабор соати 6:00-и субҳи 15-уми август зимни корҳои таъмир дар коллектори назди корхонаи «Салют» рух додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, муҳоҷирон дар натиҷаи рахна шудани қубур фавтидаанд.

«Айни замон муфаттишон ҷойи ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор дода, ғайр аз ин, ҳолат ва сабабҳои он замон дар коллектор  қарор доштани коргарон низ муайян карда мешавад», – менависад хабаргузорӣ. 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.