Ташаббуси AI ба имзои арзномаи дастаҷамъӣ ҷиҳати хотима ба шиканҷа дар Тоҷикистон

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International  ба имзои муроҷиатнома (петитсия)-и дастаҷамъона ҷиҳати хотима бахшидан ба истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон ташаббус нишон медиҳад. Созмон ҳодисаи рухдода бо Лӯъбат Бурҳоноваро таъкид месозад. Рӯзи 9-уми августи соли 2009 ба ин зан хабар медиҳанд, ки як рӯз қабл писараш Дилшодбек Муродов бар асари бемории дил дар зиндон ба ҳалокат […]

ASIA-Plus


Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International  ба имзои муроҷиатнома (петитсия)-и дастаҷамъона ҷиҳати хотима бахшидан ба истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон ташаббус нишон медиҳад.

Созмон ҳодисаи рухдода бо Лӯъбат Бурҳоноваро таъкид месозад. Рӯзи 9-уми августи соли 2009 ба ин зан хабар медиҳанд, ки як рӯз қабл писараш Дилшодбек Муродов бар асари бемории дил дар зиндон ба ҳалокат расидааст. Вале ҳангоме ки ҷасадро ба хона меоранд, дар бадани фавтида осори зиёди латукӯби бераҳмонаро мебинанд. Бурҳонова бар ин назар аст, ки писараш бар асари шиканҷа ҳалок шудааст ва то ҳанӯз баҳри пойдории адолат мубориза мебарад.

Amnesty International хотиррасон мекунад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон тез-тез бо мақсади ба даст овардани эътирофи гуноҳ ба истифода аз шиканҷа рӯ меоранд.

«Аксари ҷабрдидагон аз шиканҷа бо ҷароҳатҳои ҷисмониву равонӣ дар тавқифгоҳҳои муваққатӣ қарор дошта, ба табобати дарозмуддат ниёз доранд ва чанде аз онҳо ба ҳалокат мерасанд. Онҳое, ки ҷон ба саломат мебаранд, пас аз мурофиаи судии ғайримунсифона ба зиндон маҳкум мегарданд», – менависад созмони ҳомии ҳуқуқ ва таъкид месозад, ки дар партави ҳамаи ин амалҳо моҳи ноябри соли 2012 президенти Тоҷикистон дар бораи таҳаммулнопазирӣ ба шиканҷа изҳори андеша карда буд.

Созмон даъват мекунад, ки баҳри кӯмак ба Лӯъбат Бурҳонова ва дигар афроди зиёди ба ин ҳолат дучоромада ҷиҳати даст ёфтан ба адолат ва ноил гардидан ба хотимаи шиканҷа дар Тоҷикистон ин муроҷиатнома ба имзо расад. Ба муроҷиатнома метавон бо нишонии зер имзо гузошт:

www.amnesty.org/en/appeals-for-action/Tajikistan

.

Amnesty International зикр мекунад, ки ин иқдомот қисмате аз амалҳои доманадор дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки ба огаҳии бештари ҷомеа аз шиканҷа ва таъсири ин падидаи номатлуб ба оилаҳои ҷабрдидагон тавассути баргузории силсилаи намоишгоҳҳои аксҳо равона шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.