Дар Тоҷикистон коҳиши нархҳо ба гандум ва орд пешгӯи мешавад


Тибқи пешгӯии таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар давоми моҳҳои оянда дар Тоҷикистон кохиши андаки нархҳо ба гандум ва орди гандумии махаллӣ интизор меравад.

Тавре дар гузориши «Мониторинг» ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, поин фаромадани нархҳо, албатта, бо ҷамъоварии ҳосили ғалла ва афзоиши чашмдошти воридот аз Қазоқистон баъд аз ҷамъоварии ғалла дар нимаи дуввуми соли ҷорӣ, алоқамандӣ дорад.

Зикр карда мешавад, ки нархҳо ба гандум ва орди гандумӣ моҳи июн устувор буданд ё ки дар робита бо ҳаҷми басандаи истеҳсоли ватанӣ ва воридот аз Қазоқистон коҳиш ёфтанд.

«Сарфи назар аз ин, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз Қазоқистон қариб 300 ҳазор тонна гандум ворид карда шудаанд, ки 13% нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2012 пастар аст»,-таъкид мегардад дар ҳисобот.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ, нархҳо ба орд дар ҷумҳурӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ тақрибан 15% поин рафтаанд.

Дар Вазорат иброз доштанд, ки дар давоми соли ахир истеҳсоли ватании гандум дар Тоҷикистон афзудааст. Агар дар нимсолаи аввали соли сипаригашта дар ҷумҳурӣ 372 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шуда бошад, он гаҳ январ-июни соли ҷорӣ 479 ҳазор тонна рӯёнида шудааст.

Афзоиши истеҳсоли дохилӣ ба коҳиши воридоти орд боис шуд. Дар зарфи шаш моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 103 ҳазор тонна орд ворид гардидааст, ки ба 87 ҳазор тонна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар аст. 

spot_imgspot_img

Популярное