Баррасии мушкилоти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар ОМ ва Шарқи Наздик

spot_imgspot_img

Дата:


Имрӯз дар ҷаласаи 9-уми Кумитаи раҳбарии Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар шаҳрҳо, ки дар Душанбе мегузарад, мушкилоти мавҷуда дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик баррасӣ шуданд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об ва ҳамчунин энергетикаи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Уммон ва Бангладеш ширкат доранд.

Муовини вазири энергетика ва оби Эрон Алиризо Доимӣ қайд кард, ки сол то сол ҳарорат гарм шуда, ба иқлими тамоми ҷаҳон таъсири манфӣ мегузорад. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи нодурусти захираҳои обӣ натанҳо ба бадшавии вазъи иқлим, балки ба муносибатҳои байни кишварҳо низ таъсир мерасонад.

Намояндаи Вазорати об ва энергеткаи Афғонистон Султонмаҳмуд Маҳмудӣ дар навбати худ зикр кард, ки агар мушкилоти камбуди об саривақт ҳал нагардад, ба мушкилоти зиёди кишварҳо дар минтақа ва мухолифатҳои минбаъда боис шуда метавонад.

«Бар асари камбуди об дар Афғонистон сол то сол натанҳо камбизоатӣ ривоҷ меёбад , балки шумори маргумир миёни кӯдакону пиронсолон меафзояд. Соли 2013 маргумир миёни кӯдакони аз 5-сола хурдтар маҳз ба иллати камбуди об 22% зиёд шуд», – гуфт ӯ.

Намояндаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Қодир Алиев изҳор намуд, ки ҳарчанд Тоҷикистон кишвари доро аз нигоҳи захираҳои обӣ маҳсуб ёбад ҳам, имрӯз мушкилоти таъминот бо оби 47%-и заминҳои кишт мавҷуд аст ва ин мушкилот бештар ба он вобаста аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мушкилоти норасоии иншооти обёрикунанда ба миён омад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...