Таҳияи буҷети соли 2014 ахири ҳафта ба итмом мерасад

Таҳияи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, таҳияи ҳуҷҷати асосии молиявии кишвар барои соли оянда ахири ҳафта ба итмом мерасад. «Пас аз маъқул шуморидани ҳуҷҷат аз ҷониби ҳайати мушовараи вазорат, ҳафтаи наздик он ҷиҳати баррасӣ ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Таҳияи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, таҳияи ҳуҷҷати асосии молиявии кишвар барои соли оянда ахири ҳафта ба итмом мерасад.

«Пас аз маъқул шуморидани ҳуҷҷат аз ҷониби ҳайати мушовараи вазорат, ҳафтаи наздик он ҷиҳати баррасӣ ба комиссияи буҷетии ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол мегардад», – гуфтанд дар Вазорати молия.

Ёдрас мекунем, ки ҳамасола буҷети давлатии Тоҷикистон тирамоҳ аз ҷониби палатаи поёнии парлумон дар шакли қонун барои соли навбатии молиявӣ бо пешниҳоди ҳукумати кишвар қабул мегардад.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, даромадҳои ҷории буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 (бидуни бурсҳо) дар ҳаҷми беш аз 10,9 млрд. сомонӣ (зиёда аз 2,2 млрд. $) пешбинӣ мешаванд.

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта беш аз 9,9 млрд. сомониро ташкил дод.

Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҶТ беш аз 6 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1,2 млрд. $)-ро ташкил дод, ки 0,1% аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.