Э.Раҳмон намояндаи махсуси ИА оид ба Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт

Тафсилоти бештари ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баррасӣ гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт: «Тоҷикистон дар симои Иттиҳоди Аврупо шарики муътамади худро дар арсаи байналмилалӣ мебинад ва мо […]

ASIA-Plus


Тафсилоти бештари ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт: «Тоҷикистон дар симои Иттиҳоди Аврупо шарики муътамади худро дар арсаи байналмилалӣ мебинад ва мо хоҳони тавсеаи ҳамёрии пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо ин ниҳоди бонуфуз ҳастем».

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои идоракунии захираҳои обу энергетика, таъмини амнияти энергетикӣ, ҳифзи муҳити зист, тавсеаи имкониятҳои нақлиётию транзитии минтақа, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва ҳамчунин ба соҳаҳои калидии иҷтимоию гуманитарӣ – маориф, тандурустӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии он зоҳир гардид.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки талабу пешниҳодҳои мушаххаси Тоҷикистон дар Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014 – 2020 ба назар гирифта мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчунин як зумра меҳмонони олимақомро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти нахустин бо Вакили Парлумони Аврупо, роҳбари Гурӯҳи вакилони Парлумон оид ба масъалаҳои об хонум Кристина Гутиерес баргузор гардид. Зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда, аз сатҳ ва муҳтавои он рушди муносиботи ҳасана изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки мавқеи созандаи Тоҷикистон доир ба масоили обу энергетика дар арсаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо ҳарчи бештар мавриди дарки дуруст ва дастгирӣ қарор мегирад, арзи қаноатмандӣ намуд.

Изҳор гардид, ки “дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон манфиати тамоми кишварҳои ба мо ҳамсояи минтақа чӣ аз лиҳози таъминот бо об ва чӣ бо нерӯи барқ ба назар гирифта шудаанд”. Ҳамчунин таъкид гардид: “Агар нерӯгоҳҳо ва обанборҳои Тоҷикистон намешуданд, дар кишварҳои поёноб аз худ кардани миллионҳо гектар замин ғайриимкон мебуд”.

Кристина Гутиерес изҳор дошт, ки “Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла сохтори парлумонии он мусоидати хешро барои эҷоди фазои муносиб баҳри тавсеаи ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ дареғ нахоҳад дошт”. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.