Баррасии мушкилоти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар ОМ ва Шарқи Наздик

Имрӯз дар ҷаласаи 9-уми Кумитаи раҳбарии Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар шаҳрҳо, ки дар Душанбе мегузарад, мушкилоти мавҷуда дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик баррасӣ шуданд. Дар ин чорабинӣ намояндагони вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об ва ҳамчунин энергетикаи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Уммон ва Бангладеш ширкат доранд. […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар ҷаласаи 9-уми Кумитаи раҳбарии Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар шаҳрҳо, ки дар Душанбе мегузарад, мушкилоти мавҷуда дар истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик баррасӣ шуданд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об ва ҳамчунин энергетикаи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Уммон ва Бангладеш ширкат доранд.

Муовини вазири энергетика ва оби Эрон Алиризо Доимӣ қайд кард, ки сол то сол ҳарорат гарм шуда, ба иқлими тамоми ҷаҳон таъсири манфӣ мегузорад. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи нодурусти захираҳои обӣ натанҳо ба бадшавии вазъи иқлим, балки ба муносибатҳои байни кишварҳо низ таъсир мерасонад.

Намояндаи Вазорати об ва энергеткаи Афғонистон Султонмаҳмуд Маҳмудӣ дар навбати худ зикр кард, ки агар мушкилоти камбуди об саривақт ҳал нагардад, ба мушкилоти зиёди кишварҳо дар минтақа ва мухолифатҳои минбаъда боис шуда метавонад.

«Бар асари камбуди об дар Афғонистон сол то сол натанҳо камбизоатӣ ривоҷ меёбад , балки шумори маргумир миёни кӯдакону пиронсолон меафзояд. Соли 2013 маргумир миёни кӯдакони аз 5-сола хурдтар маҳз ба иллати камбуди об 22% зиёд шуд», – гуфт ӯ.

Намояндаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Қодир Алиев изҳор намуд, ки ҳарчанд Тоҷикистон кишвари доро аз нигоҳи захираҳои обӣ маҳсуб ёбад ҳам, имрӯз мушкилоти таъминот бо оби 47%-и заминҳои кишт мавҷуд аст ва ин мушкилот бештар ба он вобаста аст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон мушкилоти норасоии иншооти обёрикунанда ба миён омад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.