Дар шабакаҳои телевизионӣ давлатӣ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта навори видеоие пахш гардид, ки тавассути камераи пинҳонии кормандони ВКД наворбардорӣ шуда, дар он далелҳои тамаъҷӯии шаҳвонии табиби мардумӣ (мулло) ба мизоҷон (занон)-и худ сабт шудаанд.
Сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев, ки муаллифи ин гузориши телевизионӣ низ ҳаст, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки дар навор ба хубӣ возеҳ аст, ки сокини 47-солаи маҳаллаи Лучоби пойтахт Асадулло Иброҳимов чун табиби мардумӣ «фаъолият дошта», ба мизоҷзанони худ дастдарозӣ мекунад.
«Ин муллои табиб ба занон ваъда медодааст, ки тавассути дуову ибодат онҳоро аз бемориҳои гуногун шифо мебахшад ва ҳамзамон ба дастдарозӣ ба онҳо оғоз мекардааст», – гуфт Асадуллоев.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати ин муллои қалбакӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.



