Дар доираи сафари аввали худ ба Тоҷикистон директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова ба фаъолияти бахши ин ташкилот дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид.
Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, Бокова ҳамчунин аз Боғи миллии Тоҷикистон боздид кард, ки имсол ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
Сафари кунунии Бокова ба Тоҷикистон ба муносибати 20-умин солгарди узвияти Тоҷикистон ба ЮНЕСКО сурат гирифта, ӯ ҳамчунин дар кори Конфронси байнулмиллаи сатҳи баланд роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки рӯзҳои 20-21-уми август дар Душанбе баргузор шуд, ширкат варзид.
Дар чаҳорчӯби ин сафар директори генералии ЮНЕСКО бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазирони корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Тоҷикистон гуфтушунид анҷом дод. Ӯ бо сафари дурӯзаи расмӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон раҳсипор гардид.



