Барориши партовҳо аз Душанберо комиссияҳои ҷамъиятӣ назорат мекунанд


Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласаи мазкур масоили мубрами хоҷагидории шаҳр,  қабл аз ҳама беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, омодагии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба соли нави хониш ва тибқи анъаноти шаҳрдорӣ ҳолати ба истифодадиҳии иншоотҳои мухталиф, ки аз рӯи нақшаҳои сохтмонӣ дар остонаи Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорияшон муқаррар гардидааст, баррасӣ гардиданд.

Бо дахли масъалаҳои мутазаккира Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа карда, дар иртибот ба  барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо дарназардошти муроҷитаҳои шаҳрвандон унвонии шаҳрдорӣ, муқаррар сохт, ки нисбати фаъолияти сохторҳои зидахли ноҳиявӣ ва мақомоти масъули назорати давлатӣ дар ин самт аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятӣ назорати доимӣ  ба роҳ монда шавад.

spot_imgspot_img

Популярное