Рӯзи 25-уми август академик, доктори улуми тиббӣ, мудири Пажуҳишгоҳи гастроэнтереологии Академия улуми Тоҷикистон Мансур Ҳамидов пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт. Имрӯз ҷасади ӯ дар ормогоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.
Ҳомид Мансуров 25-уми декабри соли 1925 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Дар Донишкадаи тиббии Самрақанд (солҳои 1942-1947) ба маълумоти олӣ соҳиб гардид. Солҳои 1947-1950 аспирантураи назди Академияи улуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскавро хатм кард. Баъди ҳимояи муваффақонаи унвон ба Душанбе омада, дар Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба сифати ассистент, дотсент, и. в. мудири кафедраи терапия фаъолият намудааст.
Аз соли 1962 то охири умр директори Пажуҳишгоҳи гастроэнетереологии Академияи улуми ҶТ буд. Ҳамид Мансуров доктори улуми тиббӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Тоҷикисион мебошад. Соли 1974 узви фахрии Асссосиатсияи гастроэнтереологии Маҷористон, соли 1976 узви вобастаи Ассосиатсияи интернистони Лаҳистон ва соли 1977 узви фахрии Ҷамъияти илмии тиббии гастроэнтереологҳои Булғория интихоб шудааст. Барои хизматҳои шоён дар соҳаи тиб ва тарбияи кадрҳои илмӣ ба мукофотҳои сершумор сазовор гардидааст.
Солҳои наврасиву ҷавонӣ Мансуров дар манзили асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ иқомат дошт. Ҳамид Мансуров 700 кори илмӣ ва 12 китоб таълиф кардааст.



