Хоҷагиҳои пахтакори гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба ҷамъоварии ҳосили пахтаи имсола шурӯъ намуданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, то имрӯз деҳқонон ҳудуди 4,3 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 3,4 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Ба иттилои манбаъ, маъракаи умумии ҷамъоварии ҳосил пахта дар саросари кишвар ҳанӯз оғоз нагардидааст. Дар ноҳияҳои пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва хоҷагиҳои навоҳии тобеи марказ корҳои омодагӣ ба ҷамъоварии ҳосил ҷараён доранд. Дар робита ба вазъи иқлим ҷамъоварии ҳосил дар вилояти Суғд дертар шурӯъ мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар Тоҷикистон имсол дар майдони 192 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд. Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.



