Дар интихобот коммунистон бо аҳзоби дигар эътилоф намекунанд


Нимаи аввали моҳи сентябр Анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардида, дар он номзади ин ҳизб дар интихоботи президенти кишвар эълон мешавад.

Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон дар манотиқи ҷумҳурӣ ҷараёни интихоби вакилони анҷуман идома дошта, коммунистони вилоятҳои Суғду Хатлон вакилони худро интихоб намудаанд ва акнун рӯйхати вакилон аз ВМКБ ва навоҳии тобеи марказро интизоранд.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки дар интихоботи президентӣ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо аҳзоби сиёсии дигар ба эътилоф ворид намешавад. «Ҳизб ҳамчунин номзади ягона аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба мансаби президентиро низ дастгирӣ карданӣ нест», – иброз дошт Шабдолов.

Ба гуфтаи раиси ҲКТ, дар робита ба ғояҳои усулии барномаи ҲКТ чунин тасмим рӯйи кор омадааст.

«Тибқи андешаҳои идеологӣ коммунистон ба ҳеҷ гунае на бо ҲНИТ, на бо сотсиал-демократҳо ва на бо дигар аҳзоби сиёсӣ дар эътилоф буда наметавонанд. Мо ҳатто бо ҳизби ҳокими ҲХДТ ҳамроҳ номзади ягона пешбарӣ карда наметавонем, зеро хусусигардонии иншооти давлатиро эътироф намекунем, ҲХДТ бошад, чунин сиёсатро дастгирӣ мекунад», – афзуд Шодӣ Шабдолов.  

spot_imgspot_img

Популярное