Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват ба амал овард, ки зимни баргузории нишасти G-20 (Бистгонаи бузург) дар шаҳри Санкт-Петербург (4-6-уми сентябр) ҳушёр бошанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагӣ, дар робита ба ин чорабинии қарибулвуқуъи сиёсӣ дар ҳамдастӣ бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ миёни муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
«Ҳадаф аз ин корҳо шарҳи пурзӯр шудани назорат аз болои муҳоҷирон дар давраи баргузории нишаст мебошад», – зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти намояндагӣ.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни вохӯриҳо ба муҳоҷирон зарурати риояи қоидаву тартиботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳои дигар шарҳу тавзеҳ дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 4-6-уми сентябр сарони 20 кишвари бузурги ҷаҳон дар шаҳри Санкт-Петербург гирдиҳам меоянд. Дар нишаст баррасии чорабиниҳои ҳавасмандсозии рушди иқтисодӣ, мубориза бо саркашӣ аз пардохти андоз ва ислоҳоти ниҳоди Хазинаи байнулмилалии асъор дар назар аст.


