Муҳоҷиронро ба риояи қонун зимни баргузории нишасти G-20 даъват мекунанд

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват ба амал овард, ки зимни баргузории нишасти G-20 (Бистгонаи бузург) дар шаҳри Санкт-Петербург (4-6-уми сентябр) ҳушёр бошанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагӣ, дар робита ба ин чорабинии қарибулвуқуъи сиёсӣ дар ҳамдастӣ бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ миёни муҳоҷирони тоҷики муқими […]

ASIA-Plus


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват ба амал овард, ки зимни баргузории нишасти G-20 (Бистгонаи бузург) дар шаҳри Санкт-Петербург (4-6-уми сентябр) ҳушёр бошанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагӣ, дар робита ба ин чорабинии қарибулвуқуъи сиёсӣ дар ҳамдастӣ бо роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ миёни муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

«Ҳадаф аз ин корҳо шарҳи пурзӯр шудани назорат аз болои муҳоҷирон дар давраи баргузории нишаст мебошад», – зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти намояндагӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки зимни вохӯриҳо ба муҳоҷирон зарурати риояи қоидаву тартиботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳои дигар шарҳу тавзеҳ дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 4-6-уми сентябр сарони 20 кишвари бузурги ҷаҳон дар шаҳри Санкт-Петербург гирдиҳам меоянд. Дар нишаст баррасии чорабиниҳои ҳавасмандсозии рушди иқтисодӣ, мубориза бо саркашӣ аз пардохти андоз ва ислоҳоти ниҳоди Хазинаи байнулмилалии асъор дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.