Таъмини шароитҳои зарурӣ барои маъюбон дар Маркази исломӣ

Дар Маркази исломии Тоҷикистон нахустин дастгоҳи болобардор барои шахсони имконияташон маҳдуд мавриди истифолда қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев хабар дод, дар масҷиди марказӣ низ барои афроди имконияташон маҳдуд як ҳуҷраи алоҳида – ҳоҷатхона ва ҷои таҳорат барои маъюбон сохта шудааст. «Дар дармонгоҳи рақаи 12 низ роҳрави […]

ASIA-Plus


Дар Маркази исломии Тоҷикистон нахустин дастгоҳи болобардор барои шахсони имконияташон маҳдуд мавриди истифолда қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев хабар дод, дар масҷиди марказӣ низ барои афроди имконияташон маҳдуд як ҳуҷраи алоҳида – ҳоҷатхона ва ҷои таҳорат барои маъюбон сохта шудааст. «Дар дармонгоҳи рақаи 12 низ роҳрави алоҳида (пандус) ва ҳоҷатхонаи дастрас барои маъюбон бунёд гардид», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, лоиҳа дар ҳамдастӣ бо Агентии сохтмону меъморӣ ва Ташкилот оид ба безараргардонии минаҳои Швейтсария (FSD) ва ҳамкорӣ бо ҷамъияти «Имконият» амалӣ гардид.

«Ҳадаф аз амалисозии ин лоиҳа зарурат доштани фароҳам овардани чунин шароитҳо барои афроди имконияташон маҳдуд дар ҳама ҷой аст», – гуфт Зикрихудоев.

Раиси ҷамъият ҳамчунин изҳор намуд, ки дар таҳияи қонунгузорӣ ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, вале оид ба иҷрои меъёрҳои қонун мушкилот ҷой доранд. «Гӯё роҳрав барои маъюбон месозанд, вале он ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуда, комиссияи қабул онро мепазирад. Фикр мекунам, ки то ба ҳайати комиссияи қабул шомил шудани мо, ин ҳолат ҳамин тарз идома меёбад», – афзуд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.